ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Намояндаи Ҳамос дар Лубнон Солеҳ Ал-Арурӣ бар асари таркиш дар канораҳои ҷанубии Бейрут кушта шуд.
Амалиёти аз байн бурдани сиёсатмадорро ба навиштаи The Washington Post бо истинод ба Пентагон Исроил анҷом додааст.
Sputnic Arabic хабар додааст, ки марҳум дар пойтахти Лубнон мебоист бо раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон Ҳасан Насруллоҳ мулоқот мекард.
Бар асари таркиши дафтари Ҳамос ҳамчунин шаш тани дигар низ ҳалок шудааст.
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ваъда додааст, ки ба марги муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос Солеҳ ал-Арурӣ посух хоҳад дод, хабар медиҳад расонаҳои Ховари Миёна.
"Мо тасдиқ мекунем, ки ин ҷиноят ҳеҷ гоҳ беҷавоб ва беҷазо нахоҳад монд", - омадааст дар изҳороти ҷунбиш.
Дар ин санад ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷангиёни он барои амалиёти ҷавобӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.
"Ҳизбуллоҳ" ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ба дафтари гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар канораҳои ҷанубии Бейрутро, ки Ал-Арурӣ кушта шуд, “ҳамлаи ҷиддие ба Лубнон, мардум, амният ва соҳибихтиёрии он (...) ва таҳаввулоти хатарнок номид".
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфт, Теҳрон қатли Солеҳ ал-Аруриро аз ҷониби Исроил маҳкум мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Исроил то ҳол расман эълом накардааст, ки нерӯҳои дифои Исроил ҳамлаеро, ки боиси марги яке аз раҳбарони Ҳаммос шуд, анҷом додааст.
Сухангӯи артиш Даниел Ҳогарӣ дар брифинг гуфт, ки омодагии артиш дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.
"Мо дар ҳолати омодагии баланд ба ҳама гуна сенария ҳастем",- таъкид кард Ҳогарӣ, аммо дар бораи марги ал-Арурӣ ёдовар нашуд.
Исроил қаблан гуфта буд, ки барои аз байн бурдани аъзои Ҳаммос дар хориҷ аз Ғазза, аз ҷумла дар Лубнон, Қатар ва Туркия талош хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе расонаҳои Ховари Миёна гузориш доданд, ки нахуствазири Лубнон Наҷиб Микатӣ дар бораи ин ҳамла ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят бурда ва хостори иқдоми зидди Исроил шудааст.