Сарвазир омодагии ниҳодҳо ба Конференсияи байналмилалӣ дар бораи обро баррасӣ кард

Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорокути конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорокути Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба "Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028" баргузор гардид.
Ба иттилои АМИТ “Ховар” дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори дар бораи ҷараёни омодагӣ ва корҳои ташкилӣ вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки дар масъалаи об ва иқлим доир мегардад, ҳисобот доданд.
Таъкид шуд, ки Конференсияи сеюми байналмилалӣ моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои якчанд мамлакатҳои ҷаҳон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Супориши Расулзода ба вазирон дар бораи афзоиши истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ
Тибқи барнома, дар ҳошияи Конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар нақша аст.
Иттилоъ дода шудааст, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода барои омодагии сатҳи баланд ва вусъати корҳои ташкилию ташрифотӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд аъзои Кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро вазифадор намуд.