ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Қарор аст филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар яке аз шаҳрҳои Чин ифтитоҳ хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, дар ҳамин донишгоҳ да Тоҷикистон намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD боз мешавад.
Қайд карда шудааст, ки тасмими таъсиси филиали донишгоҳ зимни вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин зимни вохӯрии судманд мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ин ширкати машҳури чинӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин арзёбӣ гардид.