ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар Панҷакент маркази дуюми омӯзиши забони русӣ кушода шуд, ки бо техникаи замонавӣ, инчунин лавозимот ва маводи зарурӣ барои таҳсил муҷаҳҳаз шудааст.
"Мақсади лоиҳа аз он иборат аст, ки ба хоҳишмандон имкони омӯзиши забон ва фарҳанги русӣ дар синфхонаҳои бароҳати бисёрманзура фароҳам оварда шавад", гуфт роҳбари намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, Иван Иванов.
Нахустин Маркази захираҳо ё худ истеъдодҳои "Россотрудничество" дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ ёфта буд. Кори он бо дарси кушод дар бораи осори Александр Пушкин дар заминаи мактаби №75-и шаҳри Турсунзода шуруъ шуд.
"Ин марказҳо, ки аллакай дар 16 кишвари ҷаҳон кушода шудаанд, имкони омӯзиши гибридӣ бо истифода аз форматҳои нави чандрасонаӣ, фаъолиятҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ доранд", - гуфта буд раиси намояндагии "Россотрудничество".
Иван Иванов муҳим хонд, ки ин кор як таконе барои силсилаи рӯйдодҳо гардад, ки ба омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон пешсафи бебаҳс дар таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русист, изҳор дошта буд, кордори муваққати Русия дар ҷумҳурӣ, Вера Хуторская ва илова намуд, ки талош мекунанд, ба ин талабот бо масъулият бархӯрд намоянд.