ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳороти президент Владимир Путин дар мавриди омодагии Маскав барои эҳёи муносиботи комил бо Вашингтон дар сурати тағйироти бунёдӣ дар дохили ИМА-ро тавзеҳ дод.
Лавров дар шарҳи ин изҳорот ба РИА "Новости" гуфт, тайёрии Маскав барои музокирот бо Вашингтон набояд як чизи муқаррарӣ қабул карда шавад.
Муносибатҳои Русия ва Амрико бо айби Вашингтон, ки вазифаи ба Русия “шикасти стратегӣ” расониданро ба таври доктринавӣ ба расмият даровардааст, то ҳадди аксар бад шуданд, гуфт ӯ.
"Ҳарчанд Кохи Сафед то ҳол аз нобуд кардани ҳама чизе, ки аз муносибат боқӣ мондааст, метарсад, аммо амрикоиҳо ба таври возеҳ омода нестанд, ки муколамаи софдилона бар асоси эҳтироми мутақобила ва баррасии манфиатҳои якдигар анҷом диҳанд", - изҳор дошт Лавров.
Ба гуфтаи вазир дастёбӣ ба ҳамзистии осоишта бо ҳамкорӣ дар соҳаҳои муайян фақат баъд аз он имконпазир аст, ки Вашингтон манфиатҳои асосии миллии Русияро эътироф кунаду ба гуфтушуниди ҷиддӣ шуруъ намояд.
Дипломати рус афзуд, доираҳои ҳукмрони ИМА воқеиятҳои ҷаҳони бисёрқутбиро инкор мекунанду бар бартарияти худ фикру пойфишорӣ мекунанд.
Доираҳои сиёсии Амрико новобаста аз мансубияти ҳизб, Русияро як душман ва таҳдиди мавҷудият медонанд, зикр намуд ӯ.
"Бо назардошти ризоияти байниҳизбӣ дар ин масъала, агар номзади ҷумҳурихоҳ пирӯз шавад, ба беҳбуди муносибатҳо умед бастан соддалавҳӣ мебуд. Умуман, мо парвое надорем, ки кӣ дар сабқати президенти ИМА пирӯз мешавад", - таъкид намуд Лавров.
Интихоботи президентии ИМА соли 2024 дар назар буда, президенти феълӣ Ҷой Байден изҳор дошт, номзадияшро дигарбора пешниҳод хоҳад кард.