Душанбе ва Ашқобод қасд доранд дар бахшҳои илму тиб ҳамкорӣ кунанд

Кишварҳо нақша доранд, ки барномаҳои башардӯстона, бахусус дар соҳаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тиб густариш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон мехоҳанд ҳамкориҳоро дар чанд бахш густариш диҳанд.
Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои илм, тиб, тандурустӣ ва варзиш густариш дода шаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин тасмим дар мулоқоти раиси намояндагии дипломатии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода ва муовини раиси ҳукумати Туркманистон Нурмуҳаммад Аманнепесов гирифта шудааст.
Ҷонибҳо имкони густариши барномаҳои башардӯстона миёни ду кишвар, бахусус дар заминаи омодасозии кадрҳои нав, сиёсати ҷавонон ва тибро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори тааҳҳуд карда шуд.
Зимни сӯҳбати судманд Ниятбекзода ва Аманнепесов доир ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон табодули афкор намуданд.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ Тоҷикистону Туркманистон
Охири моoи ноябр ҳайати вакилони Ишқобод бо сардории ҷонишини Раиси Девони Вазирон Тангикулӣ Атахаллиев ба Душанбе омад.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Туркманистону Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, корҳои муштарак дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, инчунин кишоварзӣ баррасӣ шуда, оид ба фаъол гардонидани шарикӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика тасмим гирифта шуд. .