Тоҷикистону Саудӣ ҳамкорӣ дар бахши футболро таҳким мебахшанд

Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё -2023 дар Қатар комёбиҳо таманно кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати ёддошти тафоҳумро тамдид карданд.
Созишномаро ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян имзо карданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби санад, Баҳаян хоҳиши густариши ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро изҳор намуда, ба тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар комёбиҳо таманно кард.
Ҷамъи 150 ҳазор евро ба нархи Ятимов: Гаронтарин дарвозабони минтақа чанд пул меистад?
Ноиби якуми президенти ФФТ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои минбаъдаи судманд миёни ду федератсияи миллӣ идома меёбад. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, ташкил ва баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, идома медиҳад.
Футболбозони феълан дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии Дубай ду маротиба машғулият мегузаронанд, ки субҳ дар толори варзишӣ, бегоҳӣ дар майдон амалӣ мешавад.