ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар роҳи ноҳияи Ёвон садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 26 - сола, сокини ҳамин ноҳия ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳия самти шаҳраки Ҳаёти Нав идораи мошинро аз даст дод.
Дар натиҷа мошин ба дохили канали обгузари деҳаи Гулафшон чаппа шуд. Бар асари ин ҳодиса ронанда бо се мусофираш, ки ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Ёвон буданд, дар ҷои ҳодиса ҷон аз даст доданд.
ВКД ҳамчунин аз садамаи мудҳиш дар роҳи автомобилгарди "Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 33 - солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани 33 - сола ва фарзанди 3 - солаи ӯро пахш кард.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа модару духтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
ВКД Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз рӯи ин ду ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки пурқурбонитарин садама дар Тоҷикистон моҳи август дар шаҳри Кӯлоб рух дод, ки якбора 10 нафар кушта шуданд ва чандин тани дигар ҷароҳатдор шуданд.
Он замон ронандаи мошини боркаш идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, чандин мошинро пахт кард ва ҳамчунин чанд хонаро низ тахриб намуд.