ДУШАНБЕ, 23 декабр — Sputnik. Ҳамкории мутақобилаи роҳҳои оҳани кишварҳои ИИАО заминаи мустаҳкам барои рушди интегратсия мебошад.
Дар ин бора вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Қожошев изҳор дошт.
"Ҷамъ кардани хусусиятҳои миллии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар нақлиёти роҳи оҳан ба ноил шудан ба самараи энергетикӣ ва кушодани захираҳои иловагии соҳаи нақлиёт мусоидат мекунад", - мегӯяд Арзибек Қожошев.
Вазири КИАО ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар макони комиссия таъсиси як кумитаи ҳамоҳангсозӣ шавад.
Қайд карда мешавад, ки барои амиқтар омӯхтани ташаббусҳои кишварҳо оид ба ҳамкории маъмурияти роҳи оҳан ва таҳияи тавсияҳои дахлдор зарур аст.
Илова бар ин, иштироккунандагони маҷлис ташаббуси имзои меморандумро дастгирй карданд. Ҳуҷҷат ба таҳкими ҳамкориҳои "Роҳҳои оҳани Русия", "Қазоқистон темир жолӣ" ва "Роҳи оҳани Беларус" равона хоҳад шуд.
Қаблан, ҷараёни нақлиёти ИИАО ба самти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин ҳаракат мекард. Таъкид шуд, ки чунин қарор ба иттиҳодия имкон медиҳад, ки савдои дохилӣ ва беруниро фаъолонатар инкишоф диҳдад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ИИАО нақшаи маҷмӯии рушди коридорҳои нақлиётиро то соли 2025 ба мувофиқа расонд. Тибқи нақша, дар чаҳорчӯби муттаҳидшавӣ, фаъолиятҳо ба татбиқи муқаррароти асосии сиёсати нақлиётии ИИАО равона карда мешаванд.