ДУШАНБЕ, 21 декабрь — Sputnik. Дар Душанбе номи барандагон ва ҷоизадорони Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи варзиши шоҳмот эълон шуд.
Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти кишвар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон натоиҷи мусобиқотро эълон кард.
Ҳамин тариқ, миёни мардон ҷои 1-умро Илҳоми Ҷалолиддин, 2-юмро Шоҳҷаҳон Саидов, 3-юмро Аҳмад Авзалзода соҳиб шуданд.
Дар ҳамин ҳол нисбати натиҷахои техникии мусобиқа миёни дустдорон шоҳмотбозони 14-сола Ардашер Икромов ва Муҳиба Очилдиева. Дар бахши бозигарони то 30-сола Муҳаммадалӣ Ҷумъазода ва Диллола Толибова ғолиб шуданд.
Дар сабқати варзишгарони аз 30-сола боло баҳодур Абдуллоев ва Миҷгона Муродова ҷойҳои аввалро ишғол карданд.
Дар байни занон Сабрина Абророва ғолиб омад, Рухшона Саидова ҷои 2-юм ва Зебо Улуғхоҷаева дар ҷадвали мусобиқа ҷои 3-юмро касб намудааст.
Гуфта мешавад, ки ин мусобиқа дар Тоҷикистон соли 5-ум аст, ки баргузор мешавад ва фонди ҷоизаи умумии ин мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар қатори ғолибону ҷоизадорони Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба шоҳмот 48 нафар ҳузур дошт. Онҳо аз 1 ҳазор то 6 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ гирифтанд.
"Хусусияти барҷастаи мусобиқаи имсола дар он буд, ки он оммавӣ буд, махсусан дар марҳилаи аввал. Дар маҷмӯъ, мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор шуд", - гуфт Юнусов.
Ба гуфтаи ӯ, дар даври ниҳоӣ, махсусан миёни мардон, сатҳи рақобат хеле баланд буд.
"Ғолибон танҳо аз рӯи нишондодҳои иловагӣ муайян карда шуданд", - қайд кард котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.
Юнусов ҳамчунин таъкид кард, ки дар мусобиқоти гузашта варзишкорони ҷавон, ки ояндаи шоҳмоти тоҷик ҳастанд, худро хуб нишон доданд.
"Бисёрии онҳо дар ҳайати командаи яккачини Тоҷикистон, ки дар мавсими нав дар мусобиқаҳои муҳим иштирок мекунанд, иштирок хоҳанд кард. Дар ҷумҳурӣ ҷавонони боистеъдод ба камол расидаанд, ки дар мусобикаи гузашта худро хуб нишон доданд. Мусобика бомуваффакият гузашт ва умедворам, ки шохмот дар кишвар танхо инкишоф меёбад", — гуфт номбурда.