ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 400 корхона бо сармояи ширкатҳои Русия фаъолият доранд.
Ин нуктаро раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои кории ду кишвар баён дошт.
Дар ҷаласа ҳамчунин муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач ва раиси Шӯрои кории ду кишвар, Ислом Назаралиев ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар иштирок доштанд.
Қодирзода қайд намуд, ки бо мусоидати Шӯрои корӣ айни замон садҳо корхона сармояи ширкатҳои Русия муваффақанд, аммо дар баробари ин зарфияти истифоданашуда низ маҷуд аст.
"Миёни кишварҳо иқтидорҳои истифоданашуда низ вуҷуд дорад ва мо омодаем ҳамкориҳоро дар соҳаи маблағгузории лоиҳаҳо муштарак корбарӣ намоем", - гуфт ӯ.
Мақомдори тоҷик аз иштирокчиёни Шӯрои корӣ даъват намуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Дар ҳамоиш аз ҷумла тарҳҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо боз шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад, ки қисмати умдаи маҳсулоти ниёзи аввалияи ҷумҳуриро таъмин мекунад.