ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Владимир Путин гуфт, интизор дорад, ки охири моҳи декабр дар Санкт-Петербург бо сарони кишварҳои ИДМ мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кунад.
Ӯ ин нуктаро зимни ироаи паём ба иштироккунандагони ҷаласаи машваратии сардорони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав баён дошта, афзуд, ки саломашро ба президентҳо расонанд.
"Аз шумо хохиш менамоям, ки саломи гарму ҷӯшони маро ба раҳбарони давлатҳоятон, ки интизори дидани онҳо ҳастам, - дар охири моҳи декабр дар ҷаласаи Шӯрои олии ИИАО ва мулоқоти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург расонед", — гуфт президент.
Путин ёдовар шуд, ки 1 январ раёсати ин иттиҳодия ба Русия мегузарад ва дар назар аст, ки таҷрибаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталифи санъат, маориф ва илм идома ва густариш дода шавад.
"Мо татбиқи лоиҳаҳои филму телевизионӣ, ташкили озмунҳои мусиқии классикӣ ва оммавиро сахт ҳавасманд хоҳем кард. Хотиррасон мекунам, ки Русия аллакай як қатор ташаббусҳои дахлдор, аз ҷумла таъсиси Академияи санъати кинои Авруосиё, таъсиси Ҷоизаи филми Авруосиё ва эҳёи ҷашнвораи байналмилалии суруди "Интервидение"-ро пешкаш кардааст", - афзуд Путин.
Илова бар ин, Русия дар давраи раёсати худ ба масъалаи ҳифзи забони русӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард.
Тавре дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар охири моҳи ноябр хабар дод, нишасти ғайрирасмӣ 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад. Чунин вохӯрӣ аллакай анъана шудааст.
Ба гуфтаи Лебедев, Путин ҳамтоёни худро ба ин нишаст даъват кардааст, ки “дар як фазои ғайрирасмӣ муошират кунанд, масъалаҳои кунуниро баррасӣ ва табодули афкор кунанд.