ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ қариби 8,5 ҳазор гектар дар шаҳри Ваҳдатро ба ихтиёр гирифт.
Заминҳои мазкур бо қарори ҳукумат, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо шудаст, ба муҳлати 20 сол ба холдинг ироа шудаанд.
Ин миқдор аз ҳисоби заминҳои муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали "Ромит" ва "Ваҳдат" ҷудо карда шудаанд. Таъкид шудааст, ки холдинг ин майдонро ҳамчун чарогоҳҳои мавсимӣ истифода карда, ҳуқуқи ба ихтиёри дигарон додани онро надорад.
Холдинги мазкур аз ҷумлаи ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар бахшҳои мухталиф аз кишоварзӣ то тавлидоту маорифу сохтмон фаъолият дорад.
Аз ҷумла роҳбарияти он дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мактаби президентӣ бо хобгоҳу дигар инфрасохтори заруриро бунёд карда буд, ки дар ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт.
Ширкат ният дорад, фаъолияти худро дар бахши саноати Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд густариш диҳад.
Ахиран роҳбарияти ширкат бо раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолсозии корхонаи "Суғдтекстайлз"-ро мавриди баррасӣ қарор дода буд. Мақомоти тоҷик азм доранд, ки ин корхонаро то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъол созанд, ки дар натиҷа то 3,5 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд.