ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Дар шароити кунунӣ Русия ва Беларус дар баррасии масоили суботи минтақаӣ бо кишварҳои ғарбӣ суде намебинанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар нишасти муштараки ҳайати мушовараи мақомоти корҳои хориҷӣ бо Белорус баён дошта, афзуд, ки Маскав ва Минск як меъмории амниятро дар минтақаи Авруосиё бунёд хоҳанд кард.
"Дар пасманзари вазъи кунунии байналмилалӣ мо ба дурнамои ташаккули системаи амнияти аврупоӣ - маҳз он системае, ки бӯҳрони он дар чорабинии ахир (Шӯрои вазирони САҲА) дар Македония ба таври возеҳ нишон дода шуд, таваҷҷӯҳи хоса хоҳем дод", - гуфт ӯ.
Лавров афзуд, аъмоли Ғарби дастаҷамъӣ, аз ҷумла бӯҳрони Украина, тамоми системаи амниятии Аврупоро хароб кард ва ғарбиҳо дар ниҳоят принсипи баробарӣ ва тақсимнашавандаи амниятро зери хок карданд.
НАТО фаъолияти низомии худро дар сарҳадҳои ғарбии давлати иттиҳод афзоиш медиҳад, ҳушдлор дод Лавров ва илова намуд, ки дар чунин шароит сухан дар бораи равишҳои муштарак бо кишварҳои ғарбӣ барои таъмини суботи минтақа маъное надораду ғайриимкон аст.
"Аз ин рӯ, вазифа аз он иборат аст, ки меъмории амнияти устувор, дар ҳамкорӣ бо саросари Авруосиё дар якҷоягӣ бо созандае, ки давлатҳо муайян мекунанд ва ба иттиҳодияҳои ҳамгироии мавҷуда такя мекунанд”, - афзуд Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ дар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд.