ДУШАНБЕ, 13.12.2023 — Sputnik, Виктория Никифорова. Вақте ки шумо ин сатрҳоро мехонед, дар навори Ғазза ҳалокати одамон аз тифлони навзод то пиронсолон идома дорад. Ҳатто тибқи ҳисобҳои Нерӯҳои Амнияти Исроил, шумораи шаҳрвандони кушташуда аз шумораи онҳое, ки метавонистанд бо Ҳамос иртибот дошта бошанд ва ҳадди ақалл масъулияти ғайримустақим барои ҳамла ба Исроил дар рӯзи 7 октябр бар дӯш дошта бошанд, ба маротиб бештар аст. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, тайи ду моҳи ахир дар навори Ғазза беш аз ҳабдаҳуним ҳазор нафар кушта шудаанд. 70 дарсади кушташудагон занону кӯдакон буданд.
"Ман аз худ мепурсам, ки ман чӣ гуна мемирам"- иқтибос меорад рӯзномаи бритониёии "Гардиан" аз як сокини Ғаззаи муҳосирашуда. "Шояд пораҳои бомб сарамро сӯрох кунанд ва ман дарҳол бимирам? Ё ҳангоми хоб хаймаро сӯрох мекунад, баданамро сӯрох мекунад ва ман талафи хун мемирам?" Алмаза Оуда як зани оддӣ аст, ба Ҳамос коре надорад, аммо имрӯз садҳо ҳазор нафар дар Ғазза ҳамин тавр зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи ҷумъа СММ имкон дошт, ки ин хунрезии даҳшатборро боздорад. Аммо дар ҷаласаи Шӯрои Амният Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тарҳи қатъномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос вето гузошт.
Дар изҳороти тарафи Америка тамасхури рӯирост ба назар мерасид. Муовини намояндаи доимии ИМА дар СММ Роберт Вуд пешнависи қатъномаро ба тавре "номувозинат" ва "аз воқеият дур" номид, ки иҷрои он ба ҳеҷ гуна тағйирот дар майдони набард намеорад.
Дар асл лоиҳаи қатъномаро ҳамаи аъзоёни Шӯрои Амният, ғайр аз Британия, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ кард, тарафдорӣ намуданд. Зеро куштори оммавии одамони бегуноҳ фоҷиа аст. Он бояд ҳарчи зудтар боздошта шавад.
Ҳама одамони оддӣ чунин фикр мекунанд, аммо дар Вашингтон мантиқ дигар аст. Онҳо дар он ҷо манфиатҳои тиҷоратӣ доранд. Корхонаҳои комплекси ҳарбию саноатии Амрико мехоҳанд ба Исроил яроқу аслиҳа интиқол диханд. Ин назар Украина фоидаовартар аст: Тель-Авив худаш пул медиҳад ва саховатмандона пардохт мекунад. Оташбас метавонад ба ин лоиҳаи тиҷорӣ халал расонад.
Коркунони соҳаи мудофиа ва раҳбарияти партияи демократӣ ба маблағ аз буҷети давлатии Амрико низ умед доранд. Ба таври расмӣ миллиардҳо доллар барои "ёрӣ ба Исроил" равона карда мешавад, вале ба таври ғайрирасмӣ кисаи ҳамаи тарафҳои манфиатдор пур карда мешавад. Аммо Худо накунад, ки миёнаравҳо байни Исроил ва Ҳамос созиш ба даст оранд. Чӣ қадар "одамони мӯҳтарам" он гоҳ аз манфиати молиявӣ маҳрум мегарданд.
Аз ин рӯ, Роберт Вуд ба қатъномаи оташбас дар СММ монеа эҷод мекунад ва раҳбари ӯ Ҷо Байден Конгрессро таҳдид мекунад, миллиардҳо долларро барои "кӯмак ба Исроил" тамаъ мекунад ва ба Телавив интиқоли силоҳро ташкил мекунад. Иёлоти Муттаҳида аз 7 октябр инҷониб ба Исроил камаш 15 ҳазор бомбаи идорашаванда ва идоранашаванда ва беш аз 50 ҳазор снаряди 155 миллиметрӣ фиристод. Ҳамаи ин муқобили сокинони Ғазза истифода мешавад.
Ҳатто Washington Post, рӯзномаи девории мақомоти амниятии Амрико, қайд кард, ки Департаменти давлатӣ танҳо ба Исроил ба маблағи 107 миллион доллар снарядҳои танкӣ фиристод ва ин корро бидуни тасдиқи Конгресс анҷом дод. Конгресс диққатро ба он ҷалб кард, ки "маъмурияти Вашингтон қоидаҳои худро вайрон мекунад".
Шумо ҳайрон мешавед, аммо чунин қоидаҳо воқеан вуҷуд доранд. Ба наздикӣ Коҳи Сафед дастуре нашр кард, ки дар он фаҳмонд, ки Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳое, ки "дар онҳо эҳтимоли баланди вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ" вуҷуд дорад, силоҳ намедиҳад.
Русҳои Донбасс қимати ҳамаи ин суханони зеборо аз таҷрибаи талхи худ фаҳмиданд. Солҳост, ки Вашингтон ба Киев силоҳ медихад. Солҳост, ки ин силоҳ мардуми осоиштаро мекушад. Ба "вайрон кардани ҳуқуқи байналхалқӣ", конвенсияи Женева ва дигар ҳуҷҷатҳои олиҷаноб ҳеҷ кас аҳамияте намедод.
Аммо ҳоло ҳомиёни ҳуқуқи башар мулоимона Байденро муттаҳам мекунанд, ки интиқоли силоҳи амрикоӣ боиси марги ҳазорон ғайринизомиён ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар мешавад. Маъмурият ҳам мисли пештара мулоимона инро инкор мекунад. Як манбаи воломақоми Washington Post, ки хостори ифшо нашудани номаш буд, тавзеҳ медиҳад, ки маъмурият аз нақшаҳо ва амалҳои низомиёни исроилӣ огоҳ нест: “Ҳамаи коре, ки мо метавонем аз ин ҷо дар вақти воқеӣ анҷом диҳем, ин аст, ки як навъ чаҳорчӯба, воқеъбинона, вале ҷиддиро дар бораи принсипҳои қонуният, дар бораи нозукиҳои онҳо муайян кунем".
Дар паси ин сӯҳбати бешармона ҷиноятҳои ҷангӣ, ба мисли ҳамла ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия дар навори Ғазза пинҳон ҳастанд. Сокинони осоишта аввал маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд ва сипас бераҳмона бомбаборон карда шуданд, - тақрибан 195 нафар кушта шуд. Пас аз чанде мактаберо бомбборон карданд, ки дар он низ гурезагон паноҳ бурданд ва боз даҳҳо куштаву садҳо захмӣ шуданд. Бомбаҳои амрикоӣ бемористонҳо ва калисоҳоро хароб кардаанд ва нисфи маҳалҳои истиқоматии Ғаззаро аллакай ба хок яксон сохтанд.
Оё ин барои дастгирии Исроил сурат мегирад? Албатта не. Агар оташбас нашавад, ин маънои онро дорад, ки наҷоти гаравгонҳои исроилии аз ҷониби Ҳамос гирифташуда аз асорат ғайриимкон аст. Ин танҳо вусъат додани ҷанҷоли ҳарбӣ, кӯшиши пешбинии ҳамаи чораҳо баҳри он, ки гуфтушунид набошад. Барои Иёлоти Муттаҳида на сулҳ даркор аст, на пирӯзии ҷонибе, барояшон нобуд кардани исроилиҳо ва фаластиниҳо ва он то ҳадди имкон дарозтар даркор аст.
Рӯзноманигорони амрикоӣ чунин мешуморанд, ки баъди зид баромадан бо қатъномаи Шӯрои Амният Иёлоти Муттаҳида миқдори яроқу аслиҳа ба Исроилро боз ҳам зиёд мекунанд. Ягон шубҳае дар ин кор магар буд? Пул худаш ба даст намеояд.
Дар тамоми ҷаҳон ба ин тиҷорати хунӣ бо нафрати амиқ назар мекунанд. Ҳама аъзоёни Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ба истиснои Бритониё, ки худдорӣ кард, албатта, бешавқатӣ ва бераҳмии Вашингтонро қайд карданд. Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доимии Русия дар СММ гуфт: "Ҳамкорони мо аз Иёлоти Муттаҳида аслан дар пеши назари мо ҳукми марги ҳазорон, ҳатто даҳҳо ҳазор нафар дар Фаластин ва Исроилро имзо карданд."
Мо дар Новороссия аллакай ҳамаи инро аз cap гузарондаем, — бо яроқу аслиҳаи амрикоӣ таъмин шудан, ҳуҷумҳои ваҳшиёнаи террористие, ки аз хориҷа сарпарастӣ карда мешуданд ва кӯшишҳои беҳаёёнаи рад кардани онҳо. Мо инчунин кӯшишҳои бозӣ кардан бо "бетартибиҳои идорашаванда" дидаем. Аммо бесарусомонӣ торафт авҷ гирифта, ба муаллифони он низ таҳдид мекунад.
Обрӯи ИМА ҳамчун як бозигари ҷаҳонӣ, дар ҳар сурат, аллакай хароб шудааст. Кишваре, ки дидаву дониста муноқишаи Фаластину Исроилро барангехтааст, чӣ гуна метавонад даъвои миёнаравӣ кунад? Тамоми аҳли олами мутамаддин, аксарияти кулли мамлакатҳо ва халқҳо ҳоло ба Вашингтон бо даҳшат ва нафрат менигаранд. Ҳатто иттифоқчиёни ИМА дар Шӯрои Амният ветои онҳоро дастгирӣ накарданд.
Ҳатто рафтани Байден аз Коҳи Сафед ин мушкили аз даст додани эътиборро ҳал намекунад. Сарвари баъдӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳам ба идомаи ҳамин сиёсати худкушӣ маҳкум хоҳад буд ва ин бо таҳрими пурраи Вашингтон дар сатҳи байналмилалӣ анҷом хоҳад ёфт. Кӣ мехоҳад бо кишваре, ки ҷинояткори ҳарбӣ аст, алоқа дошта бошад?