Дар давоми ду соли охир мо борҳо изҳороти зиддирусӣ ва ҳатто русофобиро аз раҳбарони ғарбӣ шунидем. Ва шумо шояд ҳоло ба он одат кардаед. Аммо мо бояд диққати махсус диҳем, ки чӣ гуна дар давоми чанд рӯзи охир сиёсатмадорони барҷастаи Амрико ва сипас коршиносони ғарбӣ, ки ба онҳо ҳамроҳ шуданд, яквақта як андешаро ба миён оварданд: "Русия ҳатман ба НАТО ҳамла мекунад, Ғарб бо Русия ҷанг хоҳад кард. "
Ин мавҷ рӯзи 6 декабр шахсан аз ҷониби президенти ИМА Ҷо Байден дар намоиш дар остонаи овоздиҳии ноком дар Сенат оиди кӯмак ба Украина оғоз шуд ва Байден дар он бо тантана эълон кард: "Агар Путин Украинаро тасарруф кунад, бо он қаноат нахоҳад кард. <…> Вай корашро идома медиҳад ва сипас ба иттифоқчии НАТО ҳамла хоҳад кард."
Баъдан ин фикр аз тарафи дигарон ҳамовозиро пайдо кард. Ёрдамчии президент оид ба амнияти миллӣ Ҷек Салливан ҳам ба таври ҷиддӣ гуфт: "кор қимати баланд дорад ва оқибатҳои он хеле ҷиддӣ аст. <…> Агар мо Украинаро тарк кунем ва Путин онро тасарруф кунад, вай бо ин қаноат намекунад."
Пас аз он адмирал Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Шӯрои амнияти назди Кохи Сафед ба ин ҳамроҳ шуд ва гуфт: "Ва агар Путин тамоми Украинаро ба даст орад, чӣ мешавад? Пас ӯ ба куҷо меравад? Агар шумо фикр кунед, ки нархи пуштибонӣ аз Украина ҳоло гарон аст, тасаввур кунед, ки он на танҳо бо пули буҷет, балки бор хуни амрикоӣ чӣ қадар баландтар хоҳад буд, агар ӯ ба яке аз муттаҳидони мо дар НАТО ҳамла кунад. Агар ба Путин иҷоза дода шавад, ки дар Украина пирӯзии стратегӣ ба даст орад, пас аз он ӯ метавонад ба яке аз муттаҳидони мо аз НАТО ҳамла кунад, пас он гоҳ бояд мӯзаҳои амрикоӣ ба он ҷалб шаванд."
Ва ахиран суханони сардори Пентагон дар Конгресс буданд, ки барандаи маъруфи телевизион Такер Карлсон онҳоро расонаӣ кард: "Дар брифинги махфӣ дар Палатаи намояндагон вазири мудофиа Ллойд Остин ба конгрессменҳо гуфт, ки агар онҳо барои Зеленский пули бештар ҷудо накунанд, "мо амакҳо, амакбачаҳо ва писарони шуморо ба ҷанг бо Русия мефиристем." Ба олигархҳо пул диҳед, вагарна фарзандони шуморо мекушем."
Бисёриҳо ин ҷараёни изҳороти эҳсосотиро ҳамчун талвосаи идоранашавандаи аъзоёни маъмурияти Амрико арзёбӣ карданд. Аммо ин гуна дурӯғҳои бениҳоят зиёд ва системавӣ, бо ташкили як навъ маърака дар ВАО ва коршиносоне, ки ба Кохи Сафед хидмат мекунанд, анҷом дода мешаванд. Аз ин ҷо метавонем тахмин кунем, ки ҳамаи ин як қисми маъракаи системавиест, ки дидаву дониста ва бо ҳадафи мушаххас оғоз карда мешавад.
Гӯё тасодуфан бо ин изҳорот нашри гузоришҳои гӯё таҳлилӣ пеш омад, ки дар онҳо сохторҳои мухталифи авруатлантикӣ замони ҳамлаи Русия ба НАТО-ро ҳисоб мекунанд (яъне дигар дар бораи муҳокимаи чунин имкон ҳарф намеравад, балки ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи: "Кай?"). Аввалан, дар Берлин гузориш пешниҳод мешавад, ки Русия дар тӯли шаш то даҳ сол барои ҳамла ба кишварҳои НАТО омода хоҳад шуд. Баъд сардори бюрои бехатарии миллии Полша Ятсек Сивера (ихтисосаш анестезиолог аст) ошкоро дигар "ҳисобҳо"-ро аз аз хуб бофта, мегӯяд, ки ин дар давоми се сол мешавад.
Ва ҳамагӣ чанд рӯз қабл, Институти пажӯҳишҳои мудофиавии Бритониё (RUSI) дар идомаи ҳамон хат шитобон гузоришеро таҳия кард, ки дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки пас аз пирӯзӣ дар Украина, Русия "метавонад аз ҳар гуна имконият истифода карда, қисмҳои рамзии қаламрави давлат-аъзои НАТО-ро ишғол кунад", ки ин бешубҳа, татбиқи моддаи 5 Оинномаи НАТО-ро дар бораи мудофиаи якҷоя рӯи кор меорад. Муаллифи гузориш, профессор Ҷастин Бронк бар ин назар аст, ки барои амалӣ шудани ин сенария "ҳамагӣ чанд сол мондааст".
Як бритониёии дигари воломақом, вазири хориҷаи тозатаъини ин кишвар Девид Кэмерон низ бо омадан ба хоки Амрико ба ин маърака ҳамроҳ шуд. Зимни суханронӣ дар як форуми пурсарусадои амниятӣ дар Аспен, ӯ гуфт: “Агар Путин пирӯз шавад, ин интиҳо нахоҳад буд. [...] Агар мо ба ӯ иҷозат диҳем, ки дар Украина пирӯз шавад, дафъаи оянда ин дар ҷои дигар ба вуқӯъ меояд.
Ва ин на танҳо хатар ба пули Амрико хоҳад буд, балки метавонад як кишвари НАТО бошад ва аз ин рӯ ҳаёти амрикоиҳо зери хатар хоҳад буд.” Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиш ин ақида дар баромадҳои бисёре аз коршиносони амрикоии дараҷаҳои гуногун пайваста шунида мешуд.
Пас, ин хаёлбофии шахсони алоҳида нест. Чунин ба назар мерасад, ки тими Байден бо пуштибонии ходимони идеологии хориҷӣ маъракаи худро бо интихоби хатарноктарин самт, - барангехтани тарс дар ҷомеаи Амрико оғоз мекунад. Ва мақсад эҳтимолан, на танҳо дар баҳс бо ҷумҳурихоҳон дар бораи кӯмаки низомӣ ба Украина аст, худи демократҳо майл надоранд, ки масъаларо тезонанд. Бо таҳдиди афзояндаи коҳиши тарафдорӣ ва шикасти Байдени солхӯрда дар интихоботи соли 2024, стратегҳои демократ тасмим гирифтанд, ки вазъиятро тезутунд кунанд.
Ҳоло онҳо мустақиман ба ҷанг ва марги амрикоиҳо таҳдид мекунанд, ки ин тарсҳоро фардӣ мекунанд ("амакҳо, амакбачаҳо, писарони шумо" мемиранд).
Макс Бергман, коршиноси Маркази бонуфузи ИМА оид ба таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалӣ, дар шарҳи қазияи Украина хеле дақиқ қайд кард: "Одатан сиёсати хориҷии Амрико <…> аз муборизаи сиёсии дохилӣ ҷудо аст. Аммо дар ин ҳолат не." Маҳз аз ин сабаб Кохи Сафед кӯшиш мекунад, ки ба таҳдиди беруна такя кунад, то ки имкониятҳояшро дар маъракаи интихоботӣ бештар кунад.
Ва ин, воқеан, як лаҳзаи хеле хатарнок аст. На як бор дар таърих чунин рух додаст, ки тарсдиҳӣ бо таҳдиди афсонавии байналмиллалӣ дар муборизаи дохилӣ, новобаста аз ғояи аслии ташаббускорон, боиси муноқишаи воқеии ҷаҳонӣ мегардид. Кохи Сафед дар байни интихобкунандагони худ тарсу ваҳшатро кошта, ҳатто пай нахоҳад бурд, ки кай ин эҳсосот идоранашаванда мешаванд.
Бесабаб нест, ки сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ҳангоми баррасии Коҳи Сафед дар бораи имкони задухӯрди мустақими низомӣ бо кишвари мо барои амрикоиҳоро хатари "аз воқеият дур” номид. Воқеан, ҳоло мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки ба амрикоиҳо ва зертобеъони онҳо фаҳмонем: агар сухан дар бораи ҷанги мустақими байни давлатҳои ҳастаӣ равад, пас он бо марги танҳо "амакҳо ва амакбачаҳо" маҳдуд намешавад: савол дар бораи такдири тамоми инсоният хоҳад рафт.
Ва бозй кардан бо ин гуна тахдидхо, пурзӯр кардани онҳо, ба умеди он ки ҳама чиз бо маъракаи интихоботӣ маҳдуд мешавад, барои ҳама хавфнок аст.
Байден бо кӯшиши нигоҳ доштани қудрат бо ҳар роҳ, метавонад ҳатто пайхас накунад (хусусан дар ҳолати равонии ҳозираи худ), вақте ки ӯ аз нуқтаи бозгашт мегузарад. Беҳтар мешуд, ки Вашингтон хавфи ин бозиро пештар дарк кунад, на баъд.