ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дигарбора масъалаи тақсимоти марзро баррасӣ карданд.
Дидори навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин мулоқот 12 декабри дар шаҳри Бодканди кишвари ҳамсоя сурат гирифтааст.
Зимни мулоқот роҳбарон натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намудаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.
Гуфта мешавад, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Ахиран ҷонибҳо зимни як дидор дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд ва ба гуфти Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардиданд.
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бошад, рӯзи 11 декабр гуфт, ки кор рӯйи масоили марзӣ бомаром идома дорад ва мебоист то Соли нав ҷамбаст шавад, аммо каме тӯл кашид ва изҳори умедворӣ кард, ки то баҳор анҷом мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.