ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.
"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот омодагии ду кишвар барои густариши бомароми муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид", - қайд кардааст дафтари матбуоти вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тақсими каме бештар аз 24 километри дигари марзи давлатӣ ба мувофиқа расониданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи навбатии дуҷонибаи гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид.
"Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.