Зимни ин сафари худ Сергей Волф, муовини консули генералии Русия дар Хуҷанд ва Татяна Мудрова, роҳбари Хонаи русӣ дар Хуҷанд аз утоқҳои зисти маъюбон ва афроди танҳо дидан карда, ба онҳо суҳбати ру ба ру доир намуданд.
Масъулони Консули генералӣ ва Россотрудничество ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд чаҳор телевизори плазмавӣ тақдим намуданд, то бошандагони ин ҷо тавонанд барномаҳои писандидаи худро тамошо кунанд. Тавре Татяна Мудрова, роҳбари Хонаи руси дар Хуҷанд зимни тақдими туҳфаҳо гуфт, ин оғози кӯмакҳои мунтазами онҳо аст.
“Дар оянда низ мо кӯшиш мекунем, ки кӯмаку дастгирии худро ба ин қишри ҷомеа идома диҳем. Зеро онҳое, ки дар ин ҷо басар мебаранд ба дастгирии пайваста эҳтиёҷ доранд. Аз онҳо хешу табор намондааст, мо бояд онҳоро дастгирӣ кунем” – таъкид кард, Мудрова.
Бино ба гуфти Зокир Ҷамолов, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ҳоло дар ин ҷо 62 нафар ба сар мебаранд, ки намояндагони миллатҳои гуногунанд.
“Аз ҷумла 25 нафар русҳо ва намояндагони дигар миллатҳо тоҷикон, қирғизҳо ва узбекҳоянд, ки ҳама хушҳолона зиндагӣ мекунанд” – афзуд, Ҷамолов.
Ин Марказ дар соли 1962 бунёд шуда ва барои фарогирии беш аз 100 нафар пешбинӣ шудааст.
Аснои ташриф ихтиёриён (волонтёрон) и Россотрудничество бо баргузории маъракаи хайриявӣ саҳну атрофи Маркази мазкурро тоза ва заминҳои онро побел карда, инро ҳам як навъ кӯмак ва дастгирӣ ба пиронсолон ва афроди маъюуб маънидод намуданд.