ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон Зайдуллозода Саидаҳмадро аз вазифа барканор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Зайдуллозода судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буд ва бинобар паст задани шаъну эътибори судяҳо бо фармони раисиҷумҳур аз вазифа озод шуд.
"Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад", - омадааст дар фармони президент.
Ҳамчунин, бо фармони дигари Раҳмон муовини раиси суди вилояти Хатлон низ аз вазифа канор рафт.
Дар фармони барканории Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ омадааст, ки бинобар расидани синни ӯ ба нафақа аз вазифа барканор мешавад.
Айнан ба ҳамин сабаб Юсуфзода Муҳаммадалӣ ва Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардиданд.
Қаблан низ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додрасҳо дар ВМКБ ва Суғд аз вазифаашон озод шуданд. Он замон котиботи роҳбари давлат далели барканории суди иқтисодии ВМКБ ва судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи судяҳоро паст мезананд, рабт дод.