Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд

Номинаи мустақими Тоҷикистон "Анъанаи бофтани атласу адрас" ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. "Анъанаи бофтани атласу адрас ба феҳрасти фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Чунин тасмим дар чаҳорчӯби кори иҷлосияи 18-уми Кумитаи байналмилалии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) ба кор шурӯъ кард, гирифта шудааст.
Дар ин ҷо намояндагони кишварҳои узви Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ширкат доранд.
Чорабинии мазкур то 9 декабри соли равон идома хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ хеле эҳтиром доранд. Асрори бофандагони тоҷик аз насл ба насл мегузарад. Раванди таълими устодон аз се то панҷ моҳ тӯл мекашад.
Қарори Рустами Эмомалӣ барои баргузории ҷашнвораи атласу адрас
Ширкати "Атласи Хуҷанд" дар вилояти Суғд фаъолият дорад, ки аз имтиёз ва дастгирии доимии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор аст. Мутахассисони корхона пайваста таълим гирифта, ба сокинон матоъҳои ороишии гуногунро пешниҳод мекунанд.
Атласи абрешимӣ ва адрас дар тамоми ҷаҳон талаботи калон дорад. Истеҳсоли он бошад, малакаи махсусро талаб мекунад.
Чун анъана дар Тоҷикистон либосҳои миллӣ барои намоишномаҳо ва ҳамчунин либосҳои арӯсон аз атлас дӯхта мешаванд.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон ҳамасола иди "Атлас ва адраси тоҷикӣ" таҷлил мегардад.