ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар Tokyo Grand Slam -2023 ду ҳарифашро шикаст доду аз сеюм шикаст хӯрд.
Ба иттилои телевизиони "Варзиш", вай даври аввал бар Комрон Сулаймонови озарӣ дастболо шуда, дар даври дуюм Георгиос Баларҷишвилии киприро аз сари роҳ дур кард. Дар даври сеюм Эмомалӣ аз намояндаи Испания - Давид Гарсия мағлуб шуд.
Муҳаммадсолеҳ Қуватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг) дар даври аввал мағлуб шуданд, омадааст дар матлаб.
Тавзеҳ дода шудаст, ки Муҳаммадсолеҳ аз Симоне Аверсаи итолиёвӣ, Меҳрзод аз Тайки Накамураи ҷопонӣ ва Эмомризо аз Рафаэл Бузакаринии бразилӣ шикаст хӯрданд.
Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали Tokyo Grand Slam -2023 муқобили Фабио Басилеи итолиёвӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм аз Дайкии Боубаи фаронсавӣ шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ ҷудокорони тоҷик натавонистанд нишоне ба даст оранд ва беҳтарин нишондоди намояндагони кишвар ин мақоми панҷум мебошад.
Онро ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило сооҳиб шуд. Маҳмадбеков дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Зелим Тскаеи озарӣ бо 3 огоҳӣ ноком шуд.
Дар мусобиқаи Токио 506 ҷудокор (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати қора ширкат карданд. Золибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро, барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб шуданд.