ФРС барои сохтмони "Роғун" $100 млн медиҳад: Ал-Маршад гуфт, дар канори Тоҷикистонем

Ҷониби Саудӣ мегӯяд, ки аз аҳамияти бузурги лоиҳаи Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро бархӯрдор аст ва барои татбиқи он дар паҳлуи Тоҷикистон қарор гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Фонди рушди Саудӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн доллар қарзи имтиёзнок медиҳад ва созишнома барои ҷудосозии ин маблағ ба имзо мерасад.
Дар ин бора раҳбари мазкур Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, ки бо сафар дар Душанбе қарор дорад, изҳор дошт ва таъкид кард, ки атрофи ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кард.
"Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба маблағгузории Неругоҳи барқи обии "Роғун" дар ҳаҷми 100 миллион доллари амрикоӣ баргузор мегардад", — гуфт Султон Абдулраҳмон ал-Маршад.
Номбурда гуфт, ки Неругоҳи барқи обии "Роғун" яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ буда, он барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт.
Ӯ афзуд, "ин лоиҳа дар баробари он ки ба рушди иқтисоди "сабз" мусоидат менамояд, дар баробари ин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ саҳм мегирад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” дар соли 2024 чӣ қадар пул масраф мекунад?
Ба таъкиди мавсуф, бо назардошти муҳимияти лоиҳа ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа бо шарикони рушд маблағгузорӣ барои иҷрои ин тарҳро идома хоҳад дод.
Дар пойни суханронияш мавсуф таъкид кард, ки ин маблағгузорӣ охирин набуда, чандин лоиҳаҳои рушде ҳастанд, ки аз ҷониби матраҳ шудаанд ва мавриди арзёбӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон гуфта буд, ки Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи сармоягузорияшро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона кардааст.