ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Мақомоти тоҷик азм доранд, миқдори оилаҳои занбӯри асалро ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тон дар як сол расонида шавад. Ин дар муқоиса бо нишондодҳои феълӣ беш аз 3 баробар зиёд мебошад.
Ба иттилои мақомоти бахши кишоварзии Тоҷикистон, феълан шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 264 ҳазор ва истеҳсоли солонаи асал 4,6 ҳазор тонро ташкил медиҳад.
Барои рушди соҳа дар ҷумҳури КВД "Асали Тоҷикистон" фаъолият дошта, бахши занбӯрпарварӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Рушди соҳа дар қиёс бо нишондодҳои аввали Истиқлол бузург арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла зикр мегардад, ки соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, 593 тон маҳсулот истеҳсол шуда буд.
Роҳбарияти Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ҷумҳурӣ табиати мусоид барои 600 ҳазор расондани шумори оила ва 14 ҳазор тон расондани тавлидоти асал мавҷуд аст.
Дар баробари асал имкон аст, ки маҳсулоти дигари занбӯрпарварӣ, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки нархашон ба маротиб гаронтар аст, ба фурӯш бароварда шавад.
Мардуми Тоҷикистон ният дорад, аз ин ҳисоб теъдоди ҷойҳои кориро зиёду сатҳи некуаҳволии мардумро боло барад.