Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтушуниди Ятимов ва Тошиев: ба чӣ тавофуқ расиданд?

Раванди муайянсозии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб мусбат арзёбӣ шуда, ҷонибҳо умед доранд, ки ба ҳалли комили он наздиканд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҷузъиёти музокирот бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзро ошкор кард.
Ӯ гуфт, ки гуфтушунид бомуваффақият гузашт ва аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардид.

"Пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух - Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем",- гуфт Ятимов.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд.
"Инҳо самтҳои хеле муҳими стратегии фаъолияти мо ҳастанд, ки дар онҳо мо натиҷаҳои мушаххас ба даст овардаем. Аз ин рӯ худи далели эълони ин масъала тавассути васоити ахбори омма ва ба мардум гуфтани он воқеаи бузург аст. Мо ба ҳалли масъалаи асосӣ наздиктар ҳастем, ки музокироти мо ҳамзамон ба аломатгузории сарҳади давлатӣ оварда мерасонад, то баҳсҳои дигар дар ин замина ҷилавгирӣ шавад", - қайд кард Ятимов.
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш "ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем".
Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.
"Ман фикр мекунам, ки мо ба ноил шудан ба" ҳалли комил" хеле наздик ҳастем",— афзудааст ӯ.
Мулоқоти раисони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин роҳбарии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили марзиро ба уҳда доранд, ахиран дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.