Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ятимов ва Тошиев хостори фаъолии бештар дар муайянсозии марз шуданд

Раисони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин роҳбарии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили марзиро ба уҳда доранд, дидор карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раванди муайянсозии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб мусбат арзёбӣ шудааст.
Ин нукта дар мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев таъкид гардид.
Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мулоқот дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт.
"Ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Тафсилоти дигари мулоқот оварда нашудааст, танҳо таъкид шудааст, ки он дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.