Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод

Президенти Тоҷикистон ба тамоми наздикону пайвандони қурбониёни сӯхтор таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хостааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтори хобгоҳ дар Алмато ба ҳамтои қазоқаш, Қосим-ҷомарт Тоқаев паёми ҳамдардӣ фиристодаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём аз ҷумла изҳор доштаст, ки хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтаст.
"Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем", - таъкид кардаст ӯ.
Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд
Субҳи 30 ноябр дар Алмато дар хобгоҳе дар кӯчаи Шарифов сӯхтор ба амал омад. Дар ин ҳангом дар хобгоҳ 72 нафар буд, ки аз ин шумора 13 нафар ҷон бохтаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст.
Чор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Сабаби пешакии марг заҳролудшавӣ аз газ арзёбӣ мешавад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки хобгоҳ ҳамагӣ 1,5 моҳ фаъолият мекард ва муҷаввизи кор надошт.
Табдил додани таҳхона бидуни таъинот ба манзили истиқоматӣ манъ аст, изҳор дошт пулис. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, таъкид намудаст пулиси хобагоҳ.