Роналду ба Тоҷикистон меояд? Посухи ФФТ

Ба иттилои ФФТ қарор аст, бошгоҳи арабӣ барои рақобат бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон рӯзи 3 декабр вориди Душанбе шавад ва омодагиҳо барои ин гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ рӯйхати пешакии ҳайаташро барои сафар ба Тоҷикистон пешкаши ҷониби Душанбе кардааст, ки дар он исми ситораи футбол Криштиану Роналду низ ҳаст.
Аммо омадан ё наомадани ӯ ҳанӯз суолбарангез аст.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Дар умум рӯйхати беш аз 80 нафарро, ки иборат аз бозигарону мураббиён ва ҳатто ошпазашон аст барои омодагӣ ба мо фиристоданд, ки исми Роналду низ ҳаст", - гуфт манбаъ.
Аммо ба таъкиди намояндаи ФФТ, ин ҳоло рӯйхати ниҳоӣ нест, ва даста киро меорад, ду рӯз қабл аз бозӣ дақиқ мешавад.
Мавсуф гуфт, ки "Ал-Наср" фардо дар доираи қаҳрамонии маҳаллӣ бо "Ал-Ҳилол" бозӣ дорад ва шояд дар ин бозӣ бозигарон ҷароҳат низ бардоранд.
"Дар Тоҷикистон ҳама мунтазиранд, ки Роналду меояд. Ҳама ҳуҷҷатҳои дархостии "Ал-Наср" омода шудааст, аммо тасмими киро овардан, ба бошгоҳи арабӣ маълум аст, ки рӯзи якшанбе дақиқ мешавад", - гуфт ӯ.
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, бошгоҳи арабӣ барои рақобат бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон рӯзи 3 декабр вориди Душанбе шавад.
Дар ҳамин ҳол масъулини бошгоҳи "Истиқлол" гуфтанд, ки аллакай 10 000 чиптаи ин бозиро, ки гаронарзиштарин дар таърихи футболи кишвар аст, фурӯхтаанд.
Арзиши чиптаҳо вобаста ба макони нишаст аз 100 то 3000 сомонӣ нарх доранд.
Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.