ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳлати вохӯриҳо пеш аз соли нав муайян карда шуд.
Гуфта мешавад, ки музокироти сарони ҳукуматҳои ИДМ рӯзи 18 декабр дар Маскав баргузор мешавад, хабар медиҳад дабири кулли созмон Сергей Лебедев.
Ба гуфтаи ӯ, ташаббускори ин чорабинӣ сарвазири Русия Михаил Мишустин мебошад.
Илова бар ин, мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ дар назар аст, ки 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Лебедев таъкид кард, ки нишасти ғайрирасмии давлатҳои муштаракулманофеъ дар солҳои охир аллакай ба як анъана табдил ёфтааст.
"Барои ман ҳамчун дабири кул муҳим он аст, ки ҳамаи ин мулоқоту муҳокимаҳо ба нигоҳдорӣ ва таҳкими минбаъдаи ИДМ равона карда шаванд", - афзуд Лебедев.
Вай таъкид кард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорони худро ба ин чорабинӣ даъват кардааст, ки “дар фазои ғайрирасмӣ муошират кунанд, масъалаҳои ҷориро баррасӣ ва табодули афкор кунанд”.