ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти индекси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Дар ин бора дар сомонаи расмии худ Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (13,4%), Қирғизистон (10,7%) ва Беларус (10,1%) ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар Қирғизистон 32 ҳазор сом (30 ҳазор рубли русӣ) ва дар Русия 70 ҳазор рублро ташкил додааст.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқаррар шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.
Аъзои ин иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.