Шикасти "Истиқлол" дар бозии муҳим аз “Ал-Дуҳайл”-и Қатар

Бозигарони тоҷик дар оғози бозӣ гол заданд, аммо VAR онро бекор карду, ҳамчунин чандин фурсатҳои дигарро барои кушодани ҳисоб аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон рақобати муҳимашро дар сафар бар “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бохт.
Бозӣ шоми 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халиф дар Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.
Бозигарони тоҷик ҳарчанд фурсатҳои хуб барои голзанӣ доштанд, аммо истифода карда натавонистанд ва дар даври дуввум дарвозаашон рахна шуд.
Ду голи беҷавоби “Ал-Дуҳайл” – ро ба дарвозаи бошгоҳи душанбегӣ Михаел Олунга дар дақиқаҳои 47 ва 89-уми дидор зад.
Маврид ба зикр аст, ки ин дидори панҷуми дастаҳо дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи "Е" буд.
Ба Роналду раводид лозим аст?: Шарҳи вазорат
Маврид ба зикр аст, ки бозии нахустини дастаҳо дар Душанбе моҳи сентябр доир шуда, бидуни гол (0:0) хотима ёфта буд.
Тибқи ҳисоби холҳо дар гуруҳи “Е” тими “Ал-Наср”-и Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал, “Персеполис”-и Эрон бо 8 хол дар ҷойи дуввум ва “Ал-Дуҳайл”-у “Истиқлол” бо касби чаҳор ва ду имтиёзӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.
Бозии шашуми "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон доир мешавад. Мухлисон интизор доранд, ки Роналду дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ба даври 1/8 финали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа ва се дастаи холҳояшон болотар роҳ меёбанд.