ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад.
Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рўзро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Маскав Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Тоҷкиистону Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳа ва инчунин Нақшаи амали ҳамкории ду давлат барои солҳои 2023-2025 имзо шуда буд.
Маҳз дар доираи ин нақша барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамчунин кишоварзони тоҷик бисёре аз меваю сабзавоти худро ба Русия интиқол медиҳанд.