Дар Душанбе фестивали картошкаро бошукӯҳ баргузор карданд.
Меҳмонони намоишгоҳ тавонистанд на танҳо картошкаи ширину арзон харидорӣ кунанд, балки аз хӯрокҳои аз онҳо омодашуда дар ин ҷой бичашанд.
Дар ҷашнвора 400 тонна картошка ба фурӯш гузошта шуд. Инчунин, масъулини Вазорати кишоварзӣ дастархон бо хӯрокҳои картошка омодашударо пешкаши ҳозирин карданд.
"То соли 2020 дар Тоҷикистон як миллион тонна картошка истеҳсол мешуд, соли 2021 ин рақам ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна расида, тибқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 миллиону 150 ҳазор тонна мерасад, ки ин ба таъмини амнияти озуқавории кишвар таъсири мусбат мерасонад. ”- гуфт муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода.
Ҳамзамон, ӯ зикр кард, ки бар асоси натиҷаҳои 10 моҳи соли 2023 саҳми кишоварзони кишвар дар ММД 25%-ро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ гуфта шуд, ки имсол дар Тоҷикистон дар тамоми шаклҳои кишоварзӣ дар майдони 55,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад.
То аввали моҳи ноябр 989,7 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳазор тонна зиёд аст.