Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо коррупсияро тақвият медиҳанд

Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ санади нави ҳамкорӣ зимни мулоқоти директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, имзо гардид.
Қайд карда шуд, ки баимзорасонии ин барнома ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.
Тоҷикистону Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт ва дар он муносибатҳои боэътимоди байни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо баррасӣ шуд
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон хеле бобарор будааст.