Тоҷикистон аз узвияти комил дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суди бузург мебардорад, изҳор дошт роҳбари Клуби таҳлилии АвруОсиё, Никита Мендкович.
Коршинос таъкид намуд, ки агар Тоҷикистон воқеан барои воридшавӣ ба ИИАО тасмим гирад, инро метавонад дар се сол анҷом дод.
Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон метавонад аз Тоҷикистон пеш гузарад, чун муҳлати муайянеро барои омодасозӣ ба узвият дар ИИАО мушаххас кардаст. Аз ҷумла Ӯзбекистон дар назар дорад, ки заминаҳои ҳуқуқиро барои узвият дар ИИАО то соли 2025 мутобиқ созад.
Никита Мендкович, афзуд, барои Тоҷикистон вуруд ба ИИАО ҳам аз нигоҳи таваҷҷӯҳи муҳоҷирони корӣ ва ҳам аз нигоҳи рушди саноат муҳим аст.
Ба таъкиди ӯ, бе дастрасӣ ба бозорҳои Иттиҳоди АвруОсиё ва бидуни дастрасӣ ба имконоти молии иттиҳод, рушди кишвар комилан ғайриимкон аст.
Маврид ба зикр аст, ки узвият дар ИИАО ҳаракати озоди мол, сармоя ва нерӯи кориро дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия таъмин месозад. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд.