Дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ҷараён дорад.
Дар чорабинӣ президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Русия Владимир Путин, Беларус Александр Лукашенко ва Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ширкат доранд.
Дар ҷаласа танҳо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат надорад.
Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои гуногуни рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ қарор қабул намуда, як қатор изҳороти сиёсӣ диҳанд.
Ҳамзамон тасидиқи лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки дар ҷаласаи дастаҷамъӣ барои баррасӣ ба сарони давлатҳо пешниҳод мешаванд, доир мегардад.
Пештар хабар дода шуд, ки Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД ба ҳозирин дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои иҷлосияи ноябрии (2022) СПАД дар давраи раёсати Белорус гузориш медиҳад.
Ҳамчунин маълумот оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Қазоқистон дар соли 2024 шунида мешавад.