ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Минск ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва дабири Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ширкат доштанд.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо тақрибан 20 санадро дар бахшҳои сиёсӣ ва низомӣ, инчунин дар самти мубориза бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ ва имзо карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди тарҳҳои асноди таҳкими СПАД ва афзоиши амнияти кишварҳои узви он ба мувофиқа расиданд.
Таъкид мешавад, ки асноди дахлдор бояд ниҳоят дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби сарони давлатҳо тасвиб шаванд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 23 ноябр дар шаҳри Минск таҳти раёсати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мешавад.
Аъзои созмон мушкилоти кунунии амнияти байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, вазифаҳои дар пешистодаро муайян мекунанд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳоеро қабул мекунанд, ки ба таъмини манфиатҳои амнияти дастаҷамъӣ нигаронида шудаанд.