Вокуниши толибон дар бораи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон

Мақомоти феълии Афғонистон ахиран эълон кардааст, ки ҳукумати Толибон бо ҳузӯри нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар қатъиян мухолиф мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Сухангӯи ҳукумати Толибони Афғонистон ахиран гуфт, ки Кобул иҷозаи истифода аз хоки худ алайҳи ҳеҷ кишвареро нахоҳад дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Ово”.
Ба иттилои манбаъ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати Толибон ин изҳоротро дар вокуниш ба суханони раисиҷумҳӯри собиқи Амрико кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп раисиҷумҳури собиқи Амрико ҳафтаи гузашта дар як суханронӣ гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи соли 2024, контроли пойгоҳи ҳавои дар Афғонистонро дубора ба даст хоҳад гирифт.
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
Вай гуфт, ки Амрико аз ин макони роҳбурди барои назорат ва кантроли Чин истифода хоҳад кард.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт: “Мо иҷоза намедиҳем, ки хоки Афғонистон майдони бозиҳои сиёсӣ байни кишвраҳо бошад”
“Иҷоза намедиҳем ҳатто як нерӯи хориҷӣ дар Афғонистон ҳузӯр дошта бошад”, - афзуд Муҷоҳид.