ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Медалгирии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тайи як соли охир қариб 3 баробар зиёд шудааст, иттилоъ дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Масъули матбуотии Федератсияи ҷудои кишвар, Аҳмад Сафарзода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо гузашти 12 моҳ метавон такони ҷиддиеро дар пешрафти ҷудои тоҷик мушоҳида кард.
“Бори аввал Тоҷикистон мизбони мусобиқаи Гран При Душанбе гардид, ки дар он ҷудокорони 41 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд ва ин бузургтарин дастоварди ҷудои тоҷик дар як соли ахир ба ҳисоб меравад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ҷудокорони тоҷик дар ҳудуди 20 мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат карданд ва фақат дар ду мусобиқа ширкат натавонистанд, он ҳам ба он хотир, ки худ машғули баргузории Гран При буданд.
Ба ҳисоби Федератсия, дар соли 2023 ҷудокорони тоҷик - калонсолон, ҷавонон, наврасон - дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ 41 медал - 11 тилло, 11 нуқра ва 19 биринҷӣ - ба даст оварданд, ки дар қиёс бо соли гузашта 27 адад зиёд аст.
Вай афзуд, дар ин миён сохтмони 10 мактаби ҷудо дар саросари кишвар азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифт.
"Теъдоди шогирдон ҳудуди 10 ҳазор нафарро ташкил мекард, ҳоло ин рақам қариб ба 20 ҳазор нафар расидааст. Дар ҳоли ҳозир, аз чаҳор як ҳиссаи шогирдонро тавонистаем бо кимонову татами таъмин кунем”, - гуфт Сафарзода.
Тибқи иттилоъи ӯ, дар 5 шаҳри кишвар – Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ сохтмони академияҳо шурӯъ шудааст.
“Ҳар академия шаш табақа дошта, тамоми шароит, аз қабили толорҳои тамрину обутоби бадан ва фармакология, утоқҳои маъмуриву мутахассисон ва ғайра хоҳад дошт, яъне академияҳо тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ сохта хоҳанд шуд”, - гуфт масъули матбуотии Федератсия.
Ба қавли ӯ, барои баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишгарон аз ҷониби роҳбарияти федератсия пайваста машқҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шуданд.
“Аз ҷумла, 8 маротиба тамрини дастаҷамъии байналмилалӣ, 4 бор ҷумҳуриявӣ ва 3 маротиба минтақавӣ рӯйи даст гирифта шуданд, ки натиҷаи онҳоро метавон дар дастовардҳои ҷудокорон дид”, - гуфт Сафарзода.
Маврид ба зикр аст, ки 19 ноябри соли 2022 Исмоил Маҳмадзоир, набераи президенти Тоҷикистон, дар пайи овоздиҳии якдилона президенти Федератсияи ҷудои кишвар интихоб карда шуд. Исмоил Маҳмадзоир 26 сол дошта, ҳамчунон яке аз тоҷирони муваффақи Тоҷикистон ба шумор меояд.