ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли равон дар Арманистон ва Қирғизистон бештар будааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, даромади буҷа дар Арманистон ва Киргизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,4 баробар ва 7,8 баробар зиёд шудааст.
Аммо дар Казокистон касри буҷа 2,8 баробар афзудааст. Дар Русия бошад, даромади буҷа ба каср табдил ёфтааст.
То 1 октябри соли 2023 қарзи давлатӣ бо пули миллӣ дар Арманистон 10,5%, дар Қазоқистон 22,2%, Қирғизистон 26,9% ва дар Русия 30,8% афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори қарзи давлатии Арманистон ва Қирғизистон бештар қарзи хориҷӣ ва дар Қазоқистон ва Русия қарзи дохилӣ бартарӣ дорад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқарар шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.
Аъзои ин иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.