Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Маскав рафтааст.
Сафари расмии раҳбари Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар ба оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз шуд. Сарвари давлат хотираи қаҳрамонони Русияро бо як дақиқа сукут пос дошт.
Сарони ду давлат вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ, дигар ҷанбаҳои муҳими шарикии стратегии Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат мегирад.