ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани фоҷеа дар навори Ғазза чораҳои муассир биандешад.
Дар ин бора Вазири хориҷаи Чин Ван И рӯзи душанбе ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ҳайати вазирони корхои хоричии Урдун, Миср, Арабистони Суудй, Индонезия ва Фаластин ҳоло дар Чин қарор доранд.
Ба ин ҳайат Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ низ шомил буда, дар Пекин бо Ван И вазири корҳои хориҷаи Чин мулоқот доир кардаанд.
Ба гуфтаи раҳбари вазорати хориҷаи ҶМЧ, вазъ дар навори Ғазза ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсир карда, пояҳои инсоният ва виҷдони инсониро зери суол мебарад.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд фавран чораҳои муассир андешад, то ин фоҷеа тамдид ва густариш наёбад", — гуфт Ван И дар мулоқот бо ҳайати вакилони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои араб ва исломӣ.
Ӯ таъкид кард, ки Чин дар ин низоъ қотеъона дар канори адолат қарор дорад ва аз ибтидо барои коҳиши авзоъ, тавсеаи кумакҳои башардӯстона, пофишорӣ ба бозгашт ба нақшаи "Ду давлат барои ду халқ" талош мекунад ва ба зудтар, одилона ва ҳаматарафа ҳал кардани масъалаи кашолёфтаи Фаластин даъват мекунанд.
Вай дар идома ба аъзоёни ҳайати вакилон муроҷиат карда, қайд намуд, ки ҶМЧ омода аст, барои боздошти вазъият дар навори Ғазза ва барқарор намудани сулҳу осоиши Шарқи Наздик ҳарчи зудтар якҷоя кор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Ҳамааш аз он сар зад, ки Ҳамос барои озодии заминҳои фаластинӣ, ки зери истилои Исроил қарор дорад, ҳамла кард, аз ин рӯ мақомоти Телавив дар баробари бомбаборон Ғаззаро дар муҳосираи комил қарор дода аз барқу об ва воридоти ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале факат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Дар баробари ин як қисми ҳудудҳои Фаластин хануз дар зери истилои Исроил мебошад.
Ҳамин тариқ, рӯзи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Илова бар ин, баъди ҳамлаҳои мушакӣ ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуданд. Дар посух, нерӯҳои дифоъии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.