ИИАО ва Чин сари соддасозии расмиёти гумрукӣ кор мекунанд

Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Чин талош дорад, расмиёти гумрукиро соддаю рақамӣ созанд.
Таҳкими ҳамкориҳо дар ҷаласаи муштараки намояндагони умури гумруки ИИАО ва Чин баррасӣ шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Рушди гумруки рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои ояндадор, механизми "равзанаи ягона", такмили институти "ваколатдори иқтисодӣ", транзити электронии гумрукӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Татбиқи лоиҳаи "Агроэкспресси Авруосиё" низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштаст.
Зимнан зикр гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили ҳамкориҳои Иттиҳод ва хадамоти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз 17 майи соли 2018 мебошад.
Таҳлилгар бурди Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО-ро гуфт - видео
"Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳод ба ҳисоб меравад", - қайд кард Сергей Владимиров, директори департаменти қонунгузории гумрукӣ ва амалияи ҳифзи ҳуқуқи назди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба андешаи ӯ, табодули таҷриба бо ҶМЧ оид ба масъалаҳои гуногуни маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ояндадори гумрукӣ ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои муваффақи гумрукӣ мебошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки зеркумита платформаи баррасии минбаъдаи масъалаҳои кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи гумруки байни ИИАО ва ҶМЧ мегардад.