ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкатҳои ҳавасмандро барои иштирок дар тендери иваз кардани чамани сунъии Варзишгоҳи марказии Ҳисор ба чамани гибридӣ даъват кардааст.
Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон нашр шудааст.
Таъкид шудааст, ки довталабоне, ки мехоҳанд дар лоиҳа иштирок кунанд, бояд ширкати худро тасдиқ намоянд.
“Дархости пешниҳоди тендериро барои ивази чамани сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор аз сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон метавон дастрас кард”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, Новобаста аз он ки ҳоло ба рушди футбол маблағи зиёд равона мешавад ва дар кишвар варзишгоҳҳои зиёд сохта мешаванд, аммо чамани ин майдонҳо, аслан сунъист.
Чанде пеш дар моҳи сентябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ кори иваз кардани чамани майдони бозӣ ба анҷом расид. Ба майдон рӯпӯши сунъии намунаи навтарин, ки истеҳсоли Ҳолланд мебошад, густурда шуд.
Ба гуфтаи коршиносон дар кишварҳои олам дастаҳои пурқудрат дар рӯи чамани табиӣ бозӣ мекунанд. Дар замони Шӯравӣ ҳам майдони стадиони ба номи Фрунзе чамани табиӣ дошт ва яке аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд. Ҳоло бошад, майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чамани сунъӣ дорад ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд. Зеро онҳо барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.