Нигаронии мақомоти Хатлон аз ҷой доштани камбудиҳо дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт

Мақомоти Хатлон аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута изҳори нигаронӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пеш аз ҳама, ин аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, гуфт дар як ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин.
Вай гуфт, дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард (тротуар), аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, бахусус ба миқдори даркорӣ мавҷуд набудани чароғакҳо, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои профилактикӣ, мебоша.
“Ба сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, сатҳи пасти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мавҷуд набудани ташаббускорӣ аз ҷониби васоити ахбори омма дар бораи ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ғайра мусоидат намудааст", - гуфт муовини раиси вилояти Хатлон.
Сел дар Хатлон даҳҳо замину хонаро зери обу лой кард
Вай ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад.
“Ин кор аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута маҳсуб меёбад”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Дар анҷом муовини раиси вилоят қайд кард, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намоянд, раисони камисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ҳисобот диҳанд.