Бозии Тоҷикистону Урдун: Сегрт натиҷаи мусбат ваъда медиҳад

Сармураббӣ ва сарвони яккачини Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд ҳарифонашон ҳирфаиянд, аммо тамоми зарфиятро барои бозии зебову пирӯзӣ дар майдон ба харҷ медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 16-уми ноябр бо яккачини Урдун вориди рақобат мешавад.
Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон дар нишасти қабл аз бозӣ гуфт, ки ин дидор вазнин хоҳад буд ва ҳама маҳоратро дар майдон нишон хоҳанд дод.
Ин рақобати аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" мебошад.
Ӯ гуфт, ки барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард ва умед дорад, ки мухлисон низ аз тими миллӣ ҳимоят мекунанд.

"Ман гуфта наметавонам, ки мо баробари яккачини Урдун аз нигоҳи тавонмандӣ ҳастем, аммо барои натиҷаи мусбат дар майдон ҳама талошро ба харҷ хоҳем дод",- гуфта мутахассис.

Сарвони мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров низ мегӯяд ба ин рақобат омодаанд ва сатҳи бозии тоҷикиро дар майдон намоиш хоҳанд дод.
Ӯ аз ҳаводорон дархост кард, ки ба пуштибонии тими миллӣ оянд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.
Федератсияи Футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун қариб 11 ҳазор чиптаи бозиро фурӯхтааст ва аз ҳаводорон даъват мекунад, ки бо назардошти зиёд будани шумораи мухлисон, ду соат пеш аз бозӣ вориди варзишгоҳ шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин бозиро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунад.
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Довари марказии вохӯрӣ довари 46-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қаисӣ таъйин шуд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Довуд Ҳусейн Ал-Виндавӣ кӯмак мекунанд.
Вазифаи довари эҳтиётиро Зайд Темур Муҳаммад иҷро мекунад. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат карда, Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ таъйин гардиданд.
Ба иттилои ФФТ, ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар ба ин дидор 24 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро барои рақобат бо Урдун ва Покистон даъват намудаанд.