ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорид.
Дар бинои нав 6 нафар аз соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин гардиданд.
Инчунин раисҷумҳури кишвар субҳи имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад.
Роҳбари давлат зимни боздиду суҳбатҳо таъкид дошт, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар кӯшишу талош намоянд.
“Хусусан кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд”, - таъкид кард Раҳмон.