ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шимоли кишвар рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд кишвардорро муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят гуфта мешавад.
Тибқи гузоришҳо, шояд президент аз Қасри фарҳанги Арбоб ҳам дидан кунад, ки иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябри соли 1992 дар он ҷо баргузор шуд.
Тибқи барнома имрӯз раисҷумҳур аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон боздид карда, дар ин манотиқ иншооти навсохтро ба истифода медиҳад.