Варзишгарони тоҷик мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳониро бо 3 медал анҷом доданд

Пас аз ҷамъбасти Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо хазинаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо мукофотҳои олӣ пурра гардид – варзишгарон 3 медали биринҷӣ гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Ереван баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон 3 ҷоиза гирифт.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои ҷумҳуриявӣ хабар додааст.
Ҷоизаи аввалро Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг ба даст овард. Ӯ дар рӯзи оғози мусобиқа медали биринҷиро соҳиб шуд.
Дар рӯзи дуюм Бобохон Мирзозодаи 25-сола дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 58 кг медали дуюми биринҷӣ гирифт.
Дар рӯзи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71 кг медали сеюми биринҷиро ба даст овард.
Паҳлавонҳои тоҷик аз "Гран-прии самбо"-и Русия бо 3 медал бармегарданд
Ёдовар мешавем, ки аз 10-ум то 12-уми ноябр дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуда, варзишгарони 65 кишвар барои ширкат дар мусобиқаи сол ариза дода буданд.
Дар ин мусобиқот 9 нафар самбочиёни тоҷик ширкат доранд. Дар маҷмӯъ, варзишгарони 65 кишвар ба Арманистон ба чемпионати ҷаҳон омаданд.
Ба ҷуз медалҳо, ғолибон ва ҷои дуюм низ бо ҷоизаҳои пулӣ – 4 ҳазор доллар барои ҷойи аввал, 3 ҳазор доллар барои ҷойи дуюм, 2 ҳазор доллар барои ҷойи севум қадрдонӣ шуданд.
Дар солҳои истиқлол аз Тоҷикистон се паҳлавони шинохтаи тоҷик унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст оварданд: Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018) ва Акмалиддин Каримов (2021).