Артиллеристони Русия бо гаубитсаҳои Мста-Б ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Запороже ҳангоми амалиёти вижаи низомӣ зарба мезананд.
Навори истифодаи дастгоҳи муосири оташандозиро Вазорати дифои Русия нашр кард.
Тирандозони Русия аз гаубитсаи 52 миллиметрии Мста-Б дар минтақаи амалиёти махсуси низомӣ фаъолона истифода мекунанд, тавзеҳ дод манбаъ.
Гаубитсаи Мста-Б як силоҳи пуриқтидори тӯпхона аст, ки аз ҷониби низомиёни Русия истифода мешавад.
Он тавони партоби тирҳои мухталифи қутрашон то 152 мм дошта, қодир ба партоб кардани снарядҳои гуногун, аз ҷумла тарканда, дудӣ ва равшанидиҳанда мебошад.
Ин дастгоҳ қобилияти хуби ҳаракат дошта, метавон макони онро зуд тағйир дод, афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".